Ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатӣ
3-уми сентябри соли 2022 дар назди бинои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ бо супориши Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон баргузор гардид, ки аз ҷараёни он ҳамкорамон Қурбоной Муқимова гузориш медиҳад.
Ярмарка-фурӯши мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо мақсади танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт дар арафаи ҷашнгирии 31 солагии Истиқлоли давлатӣ доир гардидааст. Ба зикри Гулрафтор Абдурасулова корманди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, дар ярмаркаи мазкур нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал назар ба бозор нисбатан арзонтар буда, нархи помидор ва бодирин ҳамагӣ 3-4 сомонӣ мебошад. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида шудаанд.
Ба гуфти сокини шаҳри Душанбе Саидҷалолиддин Саидов «дар арафаи пешвозгирии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ташкил намудани чунин ярмаркаҳо баманфиат хоҳад буд. Ҳоло мо бо нархҳои нисбатан арзон маҳсулоти хӯрокворӣ мехарем. Дар бозор нархи маҳсулот каме қиматтар аст. Инҷо метавонед ҳам бо нархи дастрас харидорӣ кунеду ҳам соҳиби маҳсулоти хушсифат шавед. Хуб мешуд чунин ярмаркаҳо зиёдтар доир карда шаванд, то мардум бо нархи нисбатан арзон маҳсулоти зарурии худро дастрас намояд».
Бо баргузор намудани чунин ярмаркаҳо сокинони пойтахт метавонанд, маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд. Ҳадаф аз ташкили ярмаркаҳо — таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва инчунин ғанӣ гардонидани дастархони сокинони шаҳр мебошад. Бояд тазакур дод, ки аз ҷониби роҳбарияти Агентии давлати ҳифзи иҷтимоӣ минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмарка — фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба нақша гирифта шудааст.
Қурбоной Муқимова
Садои Душанбе