Сафири Тоҷикистон бо мудири иҷроияи нави ширкати ҳавоии Jazeera Airways мулоқот кард

29 майи соли 2024 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайзода Зубайдулло бо мудири иҷроияи нави ширкати ҳавоии Jazeera Airways Бҳаратан Пасупатҳи доир гардид, ки дар он масъалаи зиёд намудани адади парвозҳои ширкати мазкур дар хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаи дар оянда ба роҳ мондани каргои ҳавоӣ байни ду кишвар матраҳ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE