Супоридани нусхаи эътимодномаи cафири Олмон

23 августи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро қабул кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Олмон ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Олмонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE