Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон бо ҷараёни корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дорад. 5 июн ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувони вилояти Хатлон шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд, мавзеи Ҳамровиё, деҳоти Кангурт, деҳаҳои Танобчии поён ва боло аз ҷумлаи мавзеъҳои асосии хавфнок дар ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб мераванд. То имрӯз дар ин мавзеҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуда, садҳои муҳофизатӣ сохта шуда буд. Аммо боронҳои пай дар пайи баҳори имсола ва омадани сел дар баъзе қисматҳо садҳои муҳофизатии сохташударо аз байн бурдааст. Дарёи Сурхоб ва Шӯраксой ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Темурмалик зарар расонидааст, ки ҳоло корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.
Бо назардошти ин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мутахассисон ва сохторҳои дахлдори соҳаро ҷиҳати таҳияи лоиҳа ва мутобиқ ба талабот идома додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ вазифадор намуд. Барои анҷоми ин тадбири муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки иловагӣ равона карда мешавад.
Дар мавзеъҳои хавфноки ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тахтасангҳои оҳану бетонӣ сохта шуда, барои пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии офати табиӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз қисматҳои харобгаштаи соҳили дарёи Сурхоб, дарёи Оби мазор, мавзеи Гурдара то назди пули дарёи Талхак ва дигар қисматҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Балҷувон шинос шуд.
Дар баъзе мавзеъҳо фишори баланди об боиси аз байн рафтани садҳои муҳофизатӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои саривақтӣ ва пешгирии хавфи эҳтимолии офатҳои табиӣ мебошад. Сохторҳои дахлдори соҳа ва мутахассисон барои омӯзиш, таҳияи лоиҳа ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои харобгашта вазифадор гардиданд.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Балҷувон аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории соҳибкорон идома дода мешавад. Таваҷҷуҳ ба иҷрои босифати корҳо ҷалб карда шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар ноҳияи Балҷувон Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода шуд. Фаъолияти корхонаи саноатӣ асосан ба коркарди тунука ва чубу тахта равона карда шудааст. Бо таъсиси иншооти саноатӣ дар баробари дастраси пайдо намудани сокинони маҳаллӣ бо ин намуди масолеҳи сохтмонӣ, ҳамзамон 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Қоҳир Расулзода таъсиси корхонаи навро дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Минбаъд фарзандони сокинони деҳаи Самари ноҳияи Балҷувон дар ҳамин гуна шароити замонавӣ таҳсил намуда, савияи дониши худро сайқал медиҳанд. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 дорои 10 синфхонаи барҳаво буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар синфхонаҳои муҷаҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, синфхонаи технологӣ ва таълимӣ меҳнат насли наврас метавонанд илмҳои дақиқ, ҳунар ва дониш аз худ кунанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода инро намунаи асосии таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ арзёбӣ карда, аз омӯзгорону хонандагон дар посух ба дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат фаъолият ва таҳсили намунавиро талаб намуд.
Умуман дар ноҳияи Балҷувон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод аллакай 108 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Айни замон созандагиҳо босуръат ҷараён дошта, меваҳои Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат саодати мардумро дар зиндагӣ афзун мегардонад.