Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи XXI Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 21-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Иштирокдорони ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти комиссияро оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи 20-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД, ки моҳи октябри соли гузашта дар Москва доир шуда буд, инчунин қарорҳои амалкунандаи мақомоти созмон, аз ҷумла Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД-ро баррасӣ намуданд. Инчунин лоиҳаи як қатор санадҳо барои пешниҳод ва баррасии минбаъда ба мақомоти олии СААД омода карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба баргузории Форуми байналмилалии «Интерполитех» ва ворид намудани тағйирот ба Номгӯи намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 доир мегарданд, баррасӣ гардида, маълумот доир ба ҷараёни корҳо дар самти омодасозӣ ва нашри силсилаи феҳристҳои тахассусӣ ва дигар масъалаҳои сохтории Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ — иқтисодии СААД шунида шуд.