Диққат! Эҳтиёт бошед, ба доми қаллобони интернетӣ наафтед!
Пешрафту тараққиёти илму техника, махсусан рушди бесобиқа пайдо намудани зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) дар баробари осон намудани баъзе аз фаъолиятҳои инсон, ҳамзамон василае барои амалисозии ҳадафҳои ҷиноятии афроди қаллобу мардумфиреб табдил ёфтааст. Мутаассифона чунин имкониятҳои илми муосирро ҷинояткорони интернетӣ моҳирона истифода намуда, садо ва симои роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони машҳуру шинохтаро бо истифода аз зеҳни сунъӣ сохтакорӣ намуда, ҳар гуна эълону хабарҳои бардурӯғ паҳн карда истодаанд.
Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд аксари қаллобони интернетӣ бо ваъдаи дар муддати кутоҳ соҳиб гаштани маблағҳои калон ва чанд баробар зиёд намудани маблағи сармоягузоришуда, ба боварии шаҳрвандон даромада, баръакс маблағҳои гуногуни шаҳрвандонро тасарруф намудаанд. Гарчанде борҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандонро огоҳ намуда бошанд, ҳам мутасссифона баъзе аз шаҳрвандон ба доми чунин қаллобон афтида, маблағҳои худро аз даст додаанд.
Аз ҷумла, чандест тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби ҷинояткорони интернетӣ, хабари бардуруғе аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паҳн гардида, шаҳрвандонро ба гумроҳӣ бурда истодаанд.
Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ба ҳар гуна эълону хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд. Ҳамзамон шаҳрвандон ба таври қатъӣ таъкид карда мешаванд, ки бо дидани чунин эълонҳои бардурӯғ вориди суроғаҳои (ссылка) чунин сомонаҳои шубҳанок нагарданд. Зеро, чунин суроғаҳо (ссылка) ҳамчун василаи рахнасозии саҳифаҳои интернетии шахсии шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст. Бо ин роҳ ҷинояткорони интернетӣ метавонанд махзани телефони мобилии шаҳрвандонро рахна (взломать) сохта, маълумотҳои шахсӣ ва рамзҳои ҳамёни электрониро ба дасти худ гиранд. Ҳамзамон дар баробари тасарруф намудани маблағҳои Шумо, ичунин маълумотҳои шахсиро минбаъд бо мақсади тамаъҷӯӣ истифода намоянд.
Вобаста ба ин шаҳрвандон бори дигар огоҳ карда мешаванд, ки ҳангоми истифодаи интернет аз шабакаҳои иҷтимоӣ мақсаднок истифода намоянд, то ин ки ба доми афроди қаллоб гирифтор нашаванд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе