Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
2. Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод гардида, раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
3. Ғафориён Тоҳир Ваҳоб аз вазифаи судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
4. Шамсуллозода Абдурашид Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин карда шавад.
5. Ҷумахонзода Рустам Ҷумахон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин карда шавад.
6. Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакент озод гардида, судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
7. Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул аз вазифаи судяи суди шаҳри Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.
8. Раҷабзода Муродҷон аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.
9. Гулзода Саймаҳмуд Сафарали аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
10. Мирзозода Неъмат Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
11. Сафарзода Акбарали Шулаш аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Турсунзода бо хоҳиши худаш озод карда шавад.
12. Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№841
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҳмадшозода Ф.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№842
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди
генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Расулзода А.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Расулзода Абдуалим Нурулло сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№843