Дар Тоҷикистон назорати гепатитҳои вирусӣ тақвият меёбад
18 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, Амирзода Абдухолиқ Амир, доираи васеи табибони сироятшинос ва гастроэнтеролог иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар ва сифатан хубтар намудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, ошкорсозии сарчашмаи сироятёбии беморон, ташкили махзани ягонаи бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатитҳои вирусии «А» ва «Е» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ватани мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.
Гепатитҳои «В» ва «С» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.
Гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд.
Дар асоси тадқиқоти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд.
Ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд. Шахсони гирифтори гепатити В таҳти назорати диспансерӣ қарор гирифта, вобаста аз вазъи фаъолияти ҷигар ва миқдори вирус давра ба давра табобати зидди вирусӣ мегиранд.