МЕХАНИЗМҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
“Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обурўву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмўъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати 10 – солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баён доштанд.
Воқеан ҳам, коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба шумор рафта, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвар эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар, бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассирро ба роҳ монда, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои мушаххасро ба тасвиб мерасонад.
Бояд қайд кард, ки танҳо баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шурўъ аз 25 сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрўза зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, дар ин радиф барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд.
Низоми қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ дошта, дар раванди инкишоф ва рушд қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ се маротиба қонунгузории муқовимат бо коррупсия мукаммал гардида, 11 декабри соли 1999, №875 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (4 боб, 18 модда), баъдан дар таҳрири нав 27 июли соли 2005, №100 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (5 боб, 18 модда) ва ахиран 07 августи соли 2020, №1714 (7 боб, 36 модда) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул карда шуд.
Дар ин росто пай дар пай қабул гардидани санадҳои дигари умумидавлатӣ ба монанди «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» аз 26-уми январи соли 2008, №34; «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30-юми августи соли 2013, №1504 ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои маҷмўии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия ба тасвиб расиданд, ки дар доираи онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Дар доираи талаботи пешбининамудаи нақшаи чорабиниҳои Стратегияи якум дар низоми қонунгузории мубориза бо коррупсия тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омада, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 20 марти соли 2008, №374 қабул ва ба он дар давраи амали Стратегия 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва ҳамчунин, бо мақсади ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва андешидани чораҳои бартараф намудани ин омилҳо, бо асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” 28 декабри соли 2012, №925 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Инчунин, ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005, №100 се маротиба тағйирот ворид гардид.
Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар самти такмили низоми қонунгузорӣ дар ин раванд муқарароти мушаххасро пешбинӣ намуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шпҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ асосҳои ҳуқуқиву ташкилиро муқаррар намудааст.
Дар давраи амали Стратегияи болозикр 8 маротиба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 маротиба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва 6 маротиба ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ворид карда шуда, иловаҳои воридгардида, заминаи дар таҳрири нав қабул намудани Қонунро гузоштанд.
Бо ин назардошт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” 07 августи соли 2020, №1714 дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, муносибатҳо дар ин самтро ба танзим медарорад.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки қонуни пештар амалкунанда бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул гардида буд. Омўзиш ва таҳлили васеи таҷрибаи кишвар нишон дод, ки самти муқовимат бо коррупсия ҷабҳаҳои гуногун дошта, мубориза ба он дар навбати аввал қарор мегирад, чунки аз мазмуни қонун бармеояд, ки мубориза бо коррупсия ҷузъи муҳимтарини муқовимат мебошад. Дар қонуни мазкур самтҳои гуногуни мақовимат баррасӣ шудаанд.
Мутобиқи қисми 5 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибиии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо бошад ва мазмуни асосии матни онро дақиқ ифода намояд. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 42 қонуни мазкур, номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзўи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд, ифода гардидааст.
Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ бошад, таҳти мафҳуми калимаҳои “муқовимат/муқовамат – рў ба рў истода зиддият нишон додан ба касе (чизе); истодагарӣ, муқобилӣ” ва таҳти мафҳуми калимаи “мубориза – ҷанги дутарафа, муҳориба” нишон ва шарҳ дода шудааст.
Ҳамзамон, дар Конвенсияи СММ зидди коррупсия калимаи муқовимат истифода гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 5 – сиёсат, амалияи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия ва дар моддаи 6 – мақом ё мақомот оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия маҳз сухан оид ба муқовимат ба коррупсия меравад.
Аз ин рў, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Ҳаинро қайд намудан лозим аст, ки 31 – октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбини шудаанд. То имрӯз зиёда аз 140 – давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-ментябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Ҳамин тариқ таъкид карданием, ки ҳамагон бояд баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо новобаста аз мавқеи ишғолнамудаамон барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Албатта дар ҳамин ҷо зарур мешуморам, ки 49 фисади аҳолии мамлакатамонро занҳо ташкил менамоянд ва дар ин замина бояд гуфт, ки дар баробари мардон занҳо низ ҳиссаи худро аз тарбияи насли наврас то ба пешгириву решаканнамоии коррупсия саҳмгузор бошанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат бандем ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.
Ализода Майнисо Ҳафиз,
Сардори Раёсати асноди ҳолати
шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон