Пагоҳ Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

24 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»,  Хадамоти алоқа, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Дар Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ соати 08:00 (бинои нави Хадамоти алоқа, ошёнаи 2) баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон соати 09:00  дар Вазорати нақлиёт доир мегардад.

Дар Кумитаи бехатарии озукаворӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE