Ҷиҳати баргузор намудани нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба «Гӯштингирӣ» ҷаласа баргузор гардид

Имрӯз дар малисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 02 августи соли 2024, №540 дар барои баргузор намудани нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба «Гӯштингирӣ», таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои ваколатдори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед қайд намуд, ки чорабинии мазкур аввалин маротиба дар пойтахти кишвари мо баргузор гардида, аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба «Гӯштингирӣ» бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва талошҳои Президенти Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон нахустин маротиба рӯзҳои 28-31 августи соли ҷорӣ шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ҷаласа ҳамчунин маъалаҳои муҳими вобаста ба чорабинӣ матраҳ гардида, ба дастандаркорон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE