Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мешавад

7 август дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоб соати 08:00 баргузор мешавад.

Дар Агентии омор нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Бонки миллӣ соати 10:00 доир мегардад.

Дар Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ соати 08:00 доир мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE