Ғалабаи ҳангомавии Реал мадрид муқобили Манчестер Сити. Роҳи бошгоҳи шоҳона ба финал ҳамвор шуд

4-уми май дар варзишгоҳи боҳашамати “Сантяго Бенрнабеу” дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер сити” дар доираи бозиҳои ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии ЛЧ  ба масофи ҳам омаданд.  Дар ин вохӯрӣ мизбонон бо натиҷаи 3 бар 1 шаҳди пирӯзӣ чашиданд.

Натиҷаи  бозӣ дар қисми дуюми вохӯрӣ кушода шуд. Дар дақиқаи 73-юми бозӣ ҳуҷумкунандаи “шаҳриҳо”  Рияд Маҳрез дар ҳисоб дастаашро пешгом кард.  Ирсоли головарро Бернарду Силва ба Маҳрез таъмин кард. Дар дақиқаи 90-уми бозӣ футболбози ҷавон ва умедбахши бошгоҳи шоҳона Родригои бразилӣ  як гол ба самар расонид ва то  ҷое умеди мадридиҳоро барои роҳ ёфтан ба финал дубора зинда  кард. Бо гузаро шудани 2 дақиқа Родриго як голи дигар зад ва бозиро ба дақиқаҳои  изофӣ бурд.

Дар дақиқаи 93-юми вохӯрӣ дифоъгари “шаҳриҳо” Рубен Диаш дар дохили ҷаримагоҳ муқобили Бензема дағалона бозӣ кард ва довари бозӣ пеналтӣ таъин кард. Бензема бо як маҳорати баланд  тӯбро ба кунҷи ростӣ дарвозаи Эдерсон равон карда дастаашро дар ҳисоб пешсаф кард.

Ҳамин тавр бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” аз рӯи ҷамъи ду бозӣ (3:4, 3:1) ба финали Лигаи чемпионҳои Аврупо роҳ ёфт .  Финали мусобиқа миёни дастҳаои “Ливерпул” ва “Реал Мадрид” рӯзи 28-уми май соати 23:55 дар шаҳри Париж баргузор мегардад.  Ёдовар мешавем , ки шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол” бозиро ба таври мустақим намоиш медиҳанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE