Дар Ҳафткӯл ниммарафони кӯҳии ЭКО баргузор мегардад
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 7 сентябри имсол дар мавзеи Ҳафткӯл, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км ниммарафони кӯҳии ЭКО баргузор менамояд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.
Созмондиҳандагони ин мусобиқаи варзишӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон мебошанд.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани давидан ва рушди варзиши оммавӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон бо варзиш, омода намудани давандагон ва варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии ниммарафони кӯҳии ЭКО мебошад.