Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” соли 2024 нақшаи ҳисобро 120 дар сад иҷро кард
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” соли 2024 нақшаи ҳисобро 120 дар сад иҷро кард. Ин матлаб зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар ниҳоди мазкур аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” Мақсудзода Шӯҳрат иброз гардид.Гуфта мешавад, дар соли 2025 намудҳои нави суғурта ба роҳ монда хоҳад шуд.
Корхона дар соли 2024 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмӯъ 356 ҳазору 731 адад шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонидааст.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе