Робитаҳои илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳким меёбанд
19 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Ёддошти ҳамкорӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии «Институти физикаи ядроӣ»-и Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ин созишнома ба мустаҳкам намудани ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни ду муассиса дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори минтақа нигаронида шуда, якчанд самти ҳамкориро дар бар мегирад. Таҳқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, ташкил намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ аз ин ҷумла мебошанд.
Яке аз ҷанбаҳои асосии Ёддошти ҳамкорӣ- ин омодагӣ ва мубодилаи мутахассисони ҷавон тавассути барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон гардида, ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани амният дар минтақа мусоидат мекунад.
Ёддошти ҳамкорӣ аз лаҳзаи имзои он эътибор пайдо намуда, давоми панҷ сол амал мекунад ва метавонад тамдид шавад. Ҷонибҳо мувофиқат намуданд, ки ҳар сол ҷараёни татбиқи созишномаро баррасӣ карда, самтҳои нави ҳамкориро муайян менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.