Намояндаи доимии Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария мулоқот кард
19 августи соли 2024 дар шаҳри Тсюрих вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои бонкиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария мавриди баррасӣ қарор доданд.