Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи таҷрибаро дар самти фаъолияти инноватсионӣ ва тадқиқотӣ баррасӣ намуданд
1 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо раиси Шӯрои тадқиқоти илмӣ ва техникии Туркия, профессор Ҳасан Мандал мулоқот намуд. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти инноватсионӣ, тадқиқотӣ ва рушд байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар суҳбат бо Агентии иттилоотии «Анадолу»-и Туркия дар мавзӯи «31 соли равобити муваффақи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия» таъкид намудааст, ки «бо мурури замон муносибат ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Туркия дар авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, то ба имрӯз дар самтҳои гуногун ба таври самаранок идома дорад. Дар ин давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ду давлат аз рӯи натиҷаҳои ҳамкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд»