Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурӣ-кантони Женева баррасӣ шуд
27 августи соли 2024 вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Президенти Шурои давлатии Ҷумҳурӣ ва кантони Женева – хонум Натали Фонтане, раиси шаҳри Женева – хонум Кристина Китсос ва директори генералии Дафтари кантонӣ оид ба иқтисод ва инноватсия – Александр Эпал баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самтҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва инноватсия, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурӣ-кантони Женева мавриди баррасӣ қарор доданд.