Имрӯз бозиҳои ҷавобии даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оғоз мегарданд

29, 30 ва 31 август бозиҳои ҷавобии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футбол баргузор шуда, дар пайи он иштирокчиёни даври нимниҳоии мусобиқот муайян мегарданд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дастаҳои «Хуҷанд» – «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» – «Шодмон» 29 август баргузор мешавад. Бозии «Истиқлол» ва «Истаравшан» 30 август доир мегардад.

Бозии охирини даври ¼-ниҳоӣ байни тимҳои «Равшан» – КМВА 31 август баргузор  мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE