Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд

 Бахшида ба  33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» байни хизматчиёни ҳарбӣ ва муассисаҳои олии мамлакат мусобиқаи тирпаронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи мусобиқа муайян намудани маҳорати тирпаронии хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, раёсатҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», Донишкадаи ҳарбӣ, Литсейи ҳарбӣ ва кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз силоҳи оташфишони таппонча арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа аз муассисаҳои олии мамлакат дастаҳои кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки ин иқдом дар самти пешбурд ва ба роҳ мондани чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишӣ ба таҳкими суботу амният ва дар маҷмуъ ба мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат нигаронида шудааст.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои умумидаставӣ мақоми аввалро дастаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, мақоми дуюмро дастаи кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва мақоми сеюмро дастаи раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE