Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор» шинос шуданд

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” дар масоҳати 7,43 га бунёд гардида, дар он 3,43 га-ро дарахтони зардолуи навъҳои “мирсанҷалӣ”, “кадухурмоӣ” ва бобоӣ ташкил медиҳад.

Инчунин дар масоҳати 4 га замин 2660 бех гелоси навъҳои “дили кафтар”, “волевой”, инчунин “скинен”, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, шинонида шуда, бо усули интенсивӣ парвариш карда мешавад.

Айни замон дар хоҷагии мазкур 15 нафар сокини махаллӣ бо кори доимӣ таьмин буда, дар вақти ҷамьоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки хоҷагии мазкур обёрии заминҳоро ба тарзи қатрагӣ ба роҳ мондааст ва он имкон медиҳад, ки харҷи барзиёди об, хароҷоти зиёди қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш ёбад ва ҳам замин аҳ шӯршавӣ эмин монад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ғунҷоиши ҳавзи захираи оби хоҷагӣ 1550 кубро ташкил медиҳад ва тавассути пойгоҳҳои обкашии барқӣ аз 2 чоҳи амудӣ ва оби дарё дар муддати 10 соат пур гардида, бо он метавон 10 гектар заминро дар муддати 3 соат обёрӣ намуд.

Нуқтаи алоҳидаи таъминоти барқӣ барои боз ҳам ҷоннок ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари корӣ, мусоидат мекунад.

Барои бомаврид ва самаранок истифода шудани замин саҳмдорон дар байни қатори дарахтон зироаткориро ба роҳ мондаанд.

Бо мақсади пурқувват намудани замин, инчунин ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, дар кишти аввал хӯроки чорвои навъи рапс кишт ва ҷамъоварӣ карда шуд.

Айни замон дар кишти такрорӣ парвариши тарбуз, харбуза, мош, лӯбиё, қаламфури булғорӣ, шалғам, райҳон ва дигар навъи сабзавот ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили назаррас ба даст меоранд.

Баъди боздид ва шиносоӣ Президенти кишвар дар ҳамин ҷо аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва алоҳидаи ҳудуди ноҳия дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ аҳли заҳмат дастранҷи худро, ки бо шаклҳои гуногун ба маъраз гузошта шуда буд, муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ашт бо имконоти хуби ҷуғрофӣ инчунин обу ҳавои мутобиқ барои парвариши ҳама гуна навъҳои зардолу мусоид аст ва дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия намудҳои гуногуни он парвариш меёбад.

Зардолуи хуштамъи ин минтақа дар бозори ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад ва дар намоишгоҳи имрӯза он дар шаклҳои тару тоза, хушкшуда, консервашуда ва дигар навъҳо пешниҳод гардид.

Дар қисми дигари намоиш, маҳсули дасти оҳангарон, ҳунари нонпазии кадбонуҳо ва як қатор ҳунарҳои мардумӣ, ки аз рушди ҳунару ҳунармандӣ дар ин ноҳияи дурдаст дарак медиҳад, ба маъраз гузошта шуда буд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон ба фаъолияти назарраси онҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар шароити кунунӣ саривақтист, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE