Душанбе: Сарвари давлат МТХ «Ҳоризон»-ро мавриди истифода қарор доданд

19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи замонавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Зоир Боқиев ва Наврӯз Юнусов дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат бунёд гардидааст, Корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила сурат мегирад ва навбати аввали он имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурдааст ва барои зинаи “Ахтарон”, яъне таҳсили 384 нафар хонандаи синфҳои аз 1 то 4 пешбинӣ шудааст.

Таълимгоҳ аз синфхонаҳои фаннӣ, толори варзишӣ, китобхона, ошхона барои 240 нафар, толори фарҳангӣ бо 110 ҷойи нишаст, маҳфилҳои рақс, шоҳмот,  расмкашӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва маҳорати актёрӣ иборат буда, бо тамоми аёниятҳои муосири хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Баъди бунёди муассисаи таълимии хусусӣ дар ин ҷо 80 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, таълим бо системаи “стим эдукейшн” (Steam education) ки яке аз пурнуфузтарин низоми таълим дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкоронро ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф ва ободонии диёр намунаи ибрат хонданд.

Дар назди мактаб ҳамчунин як майдончаи варзишии болопӯшида бо 150 ҷойи нишаст бунёд шудааст, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва волейбол мувофиқ аст. Саҳни муассиса дар масоҳати 2300 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, атрофи он бо панҷараҳои мунаққаш иҳота шудааст. Ҳамчунин ҳудуди муассиса дар масоҳати 2500 метри мураббаъ майсазор шуда, бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст. Муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон” бо хати алоҳидаи барқ ва системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дақиқ” буда, тамоми маҳсулоти сохтмонии истифодашуда истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад.

Соҳибкорон уҳдадор шуданд, ки давоми ду соли оянда дар доираи мукаммал кардани низоми таълим, дар марҳилаи дуюм бо сохтмони бинои асосии таълимгоҳ шумораи хонандагонро ба 1280 нафар расонанд. Ҳамин тавр баъди татбиқи ҳар ду марҳила имкон аст, дар муассисаи таълимӣ хонандагон аз синфи 1 то 11 ба таълим фаро гирифта шаванд.

Мувофиқи иттилои масъулин, бинои бунёдшаванда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Дар маҷмӯъ қитъаи ҷудогардида барои сохтмони ҳар ду бино 2,5 гектарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бинои нави таълимгоҳро бо тарҳ ва сифати баланди меъморӣ бунёд намуда, синфхонаҳоро мувофиқ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳони муосир муҷаҳҳаз созанд ва омӯзгоронеро ба кор ҷалб намоянд, ки дорои сатҳи баланди касбӣ бошанд.

Муассисони мактаби таълимии хусусӣ ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро мегузоранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE