Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ ҳамаи сокинони заҳматқарини ноҳияи Нурободро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — 33-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки мардуми водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод бисёр заҳматдӯсту меҳмоннавоз мебошанд ва имрӯз натиҷаи азму иродаи қавӣ ва саъю талоши онҳо ба хотири ободии ноҳия ва рушди устувори кишвар баръало мушоҳида мегардад.

Дар ноҳияи Нуробод танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 233 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 108 иншоот иҷро гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 1,5 миллиард сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо қариб 1,4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиши касбӣ, беҳтарсозии вазъи инфрасохтори барқрасонӣ, бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардида истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки илова ба ҳамаи тадбирҳо барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмин намудани рушди устувори ноҳия ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021-2025” амалӣ шуда истодааст, ки 265 лоиҳаро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ дар бар мегирад. То имрӯз 87 лоиҳа ба маблағи 40 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст, ки ҳамагӣ 33 фоизи лоиҳаҳои умумии барномаро ташкил медиҳад.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Нуробод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои калони бунёди роҳу пулҳо, ки баъди бунёди онҳо рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол барои ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт хеле осону мусоид мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад, андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин оид ба пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳибкорон, рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва бо кор фаро гирифтани сокинони ноҳия суханронӣ намуда, ба масъулин барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, беҳдошти сифати таълим ва хизматрасонии сазовори тиббӣ дастуру супоришҳо доданд.

Дар робита ба вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва низоъҳои тиҷоративу сиёсӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро барои таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти худӣ ва дучанд заҳмат кашидан даъват намуданд.

Баъди суханронӣ як гуруҳ намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ карда, суолу дархостҳо ва пешниҳодҳои судбахш ба миён гузоштанд, ки мавриди таваҷҷуҳ ба баррасии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE