Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ  Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор”  баргузор гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и  шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ  Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор”  баргузор гардид.

Иштирокчиëни форум доир ба рушди соҳаи сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии фарҳангӣ  ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, рушди шарикӣ, бо субъектҳои хизматрасони сайëҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайëҳт суханронӣ ва мубодилаи андеша намуданд.

Ҳамзамон зимни баргузории форум машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир гардид.

Гузориши ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE