Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ Сафири Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарварро ба ҳузур пазируфтанд
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарварро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рустами Эмомалӣ нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.
Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн ва муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ рушд меёбад.
Ҳамчунин ҳамкории байнипарламентӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои байни ду давлат шуморида шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байни давлатҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вобаста ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор доир шуд.