Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар саҳни бинои нави Парлумони Тоҷикистон дарахт шинонданд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маъракаи дарахтшинонӣ дар саҳни бинои Парлумони мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дарахтони нодири сояафкану ороишӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи кишвар оварда шудаанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати  ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имсол шинонидани 500 ҳазор ниҳолу дарахтон дар пойтахт дар назар дошта шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки чунин навъҳои дарахтон ба нигоҳубини бештар ниёз доранд. Аз ин рӯ мутахассисон барои хуб нашъу намо ёфтани онҳо бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE