Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон-инвест”

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмиллаии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон-инвест” баъд аз Намоишгоҳи “Бохтар-Фуд-2024” оғоз гардид. Дар он аз ҷониби раиси  вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имкониятҳои сармоягузории вилоят муаррифӣ карда шуд. Номбурда аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии вилоят аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, метавонад дар бозорҳои хориҷи кишвар мавқеи мустаҳкаме пайдо кунад. Имрӯз дар вилоят се минтақаи иқтисодии озод арзи ҳастӣ мекунад,  ки имтиёзҳои барои сармоягузорон мавҷуд буда такони хубест барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ.

Баъдан муовини сарвазири ҷумҳӯрӣ Усмоналӣ Усмонзода меҳмонони хориҷиро бо  дастгириҳои давлатии сармоягузорону соҳибкорон аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуда, даъват ба амал овард, ки созишномаҳои нав ба имзо расанд ва ҳамкориҳо рушд кунанд.

     Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода  низ дар суханони ифтитоҳӣ  зикр намуд, ки  маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол иқтидори содиротии мамлакат меафзояд. Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025  низ ба хотири диверсификатсияи содирот ва ҷалби сармоя қабул карда шудаву маҳз дар асоси ин барнома баргузории форуму намоишгоҳҳо ба нақша гирифта шуда буданд. Азбаски вилояти Хатлон содиркунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, тайи чанд соли охир дар ин ҷо форумҳо баргузор мегарданд. Соли гузашта зиёда аз 17 созишнома ба имзо расида буд ва дар форуми имрӯзаи ба имзо расида  зиёда аз 30 созишнома дар назар аст.     Дар Форуми сармоягузорӣ-содироти “Хатлон-инвест”  содиркунандагони беҳтарин  бо сипоснома  сарфароз гардиданд.

        Шоистаи Аҳмад

аз шаҳри Бохтар

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE