Таҷассуми иқдомҳои бунëдкоронаи Пешвои миллат дар публисистикаи муосир
Имрӯз дар “Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттиоот”-и Вазорати фарҳанг, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Таҷассуми иқдомҳои бунëдкоронаи Пешвои миллат дар публисистикаи муосир”, дар доираи лоиҳаи илмии “Инъикоси бунëди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар публисистикаи муосир” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Мавзӯъҳои “Эмомалӣ Раҳмон ва сохтмони НБО- и Роғун”, “Масъалагузориҳо доир ба НБО-и Роғун”, “Тасвири корнамоии Пешвои миллат дар публисистикаи Шерали Мусо” ва “Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо” зимни ин ҳамоиш аз ҷониби нотиқон маърузаҳо пешниҳод гардида, пиромони паҳлуҳои алоҳидаи он миëни ҳозирин мубодилаи андеша сурат гирифт. Нотиқон бо пешниҳоди далелҳои раднашавандаи таърихӣ, дар баробари дигар бахшҳои ҳаëти иқтисодӣ, иҷтимоии ҷомеа, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунëди иншооти аср НБО-и Роғун барҷаста маънидод намуданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе