Варзишгарони тоҷик аз чемпионати Осиёи Марказӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан бармегарданд

Дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин  Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук дар толор баргузор  гардид. Дар ин хусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 243 варзишгар аз давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин Ҷумҳурии Мардуми Чин иштирок намуданд.

Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд  15 варзишгар иштирок карда, 4 медал – 2 тилло ва 2 нуқра ба даст оварданд.

Медалҳои тиллоро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 8.35 сония ва Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 60 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 8.16 сония сазовор гаштанд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 7.11 метр ва  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр (дар ҳайати Леонид Проженко, Муҳаммадҷон Самирзода, Кристина Пронженко, Жасмин Розиқова) бо натиҷаи 3:46.12 дақиқа соҳиби медали нуқра шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE