Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба табодули академии донишгоҳҳои Чин ва давлатҳои хориҷӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд.
Дар конфронси байналмилалӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода доир ба густариши робитаҳо ибрози назар намуд.
Зимни конфронс роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои хориҷӣ бо тартиби «1:1» вохӯрӣ доир намуда, самтҳои ҳамкории донишгоҳро бо муассисаҳои иштирокдори конфронс баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масоили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, самтҳои ба даст овардани бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таълимии Чин, иштироки донишҷӯён дар даврҳои забономӯзӣ, лагерҳои зимистонаву тобистона, баргузории чорабиниҳо ва лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон