Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Internatoinal PLUS Forum баргузор гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии иноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бори нахуст ҳамоиши байналмилалии “ПЛАСС-Форум Digital Tajikistan” бо иштироки зиёда аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти расмии давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур муаррифии имконият ва зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, иқдоми навбатии ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мебошад.
Дар ҳамоиш таъкид рафт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд соли охир як силсила ислоҳоти бузург дар самти рақамисозиро амалӣ карда истодааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд». Бо назардошти гуфтаҳои Пешвои миллат ислоҳот дар инфрасохтори рақамӣ ва молиявии кишвар бо суръат рушд намудаистода, таъсиси низоми пардохти миллӣ, таҳкими бонкҳои мобилӣ ва платформаҳои рақамии ҳукуматӣ, барои беҳтар кардани хизматрасониҳои молиявӣ ва суръат бахшидани татбиқи навовариҳо дар кишвар кӯмак мекунанд. Технологияҳои муосир ба монанди QR-пардохтҳо ва хидматҳои BNPL Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як бозори ҷолиб барои сармоягузорони байналмилалӣ ва ширкатҳои технологӣ табдил додааст.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз баргузории форум, Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҳафтаи “Инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистон”-ро ташкил намуд, ки мақсади ин чорабинӣ муаррифии технологияҳои рақамӣ хамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар кишвар, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла финтех, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ буд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе