Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд

Шуруъ аз 28 ноябр ҳафте як маротиба — рӯзҳои панҷшанбе парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар якҷоягӣ бо ширкати FIy.Tj парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа анҷом медиҳад.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Давҳа – соати 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа ба самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Душанбе-Давҳа-Душанбе бо роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии СомонЭйр” ифтитоҳ карда шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки асоси ҳамкориро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар асоси “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ” аз 6 феврали соли 2017 ва Протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Давлати Қатар аз 22 апрели соли 2019 ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи хатсайри нав байни Душанбе ва Давҳа дар оянда ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, аз ҷумла ҳамкории фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE