Даври 25-уми Мусобиқаи қаҳрамонии Испания. Нокомиҳои пайи ҳами Жирона дар Ла Лига идома меёбад

Дар бозии ифтитоҳии даври 25-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол «Вилярреал» бо «Хетафе» (1:1) холҳоро тақсим кард. Рӯзи шанбе «Атлетико» «Лас-Палмас» -ро шикаст дод (5:0), «Барселона» дар сафар бо «Селта» (2:1) бархӯрд карда, дар дақиқаи 97-ум аз ҷаримаи 11-метра гол зад. Рӯзи якшанбе «Реал Мадрид» бар «Райо Валенкано» дар меҳмонӣ пируз шуда натавонист(1:1). «Реал Соседад» бар «Малорка» (2:1) пирӯз шуд. Ин даври рақобатҳо шоми гузашта бо бозии «Атлетик» ва «Жирона» (3:2) анчом ёфт.

Рақобати дастаҳои Атлетику Жирона, ки бо мизбонии тими Атлетик дар варзишгоҳи Сан Мамес доир гардид, бо пирузии тими мизбон анҷом ёфт. Беренгуэр дар ин дидор ба номаш дубл сабт намуда, як голи дигари тими Атлетикро Вилямс ба нишон расонид. Футболбозони тими Жирона Сиганков ва Эрик Гарсиа тавонистанд ба номашон як голи сабт кунанд. Ҳамин тариқ Жирона маротибаи сеюм паи ҳам наметавонад пирузӣ ба даст орад. Бо аз даст додани имтиёзҳо Жирона фарқияти худро аз тими пешсаф Реали Мадрид ба 6 адад баробар кард ва дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Атлетик бошад бо 49 имтиёз дар мақоми 5-ум ҷой дорад.

Дастаи пешсафи мусобиқа Реали Мадрид дар даври 25-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дар сафар бо тими Райо Валенкано дидор анҷом дод. Рақобати ин дастаҳо пирузро муайян карда натавонист. Ин дастаҳо рақобатро бо натиҷаи мусовии 1:1 чамбаст намуданд. Дар ибтидои бозӣ дар дақиқаи 3-юм футболбозони дастаи шоҳӣ ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфтанд. Муалифи ин гол Хоселу гашт. Голи ҷавобӣ низ дар нимаи аввал зада шуд. Онро аз ҷаримаи 11 метра де Томас ба номаш сабт кард. Айни ҳол дастаи Реал Мадрид бо касби 62 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Райо Валенкано бошад дар ҳисобаш 24 имтиёз дошта, дар мақоми 14-ум аст.

Атлетико Мадрид дар ин даври рақобатҳои Ла лига бо Лас Палмас андари майдони рақобат шуд. Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи Метрополитано доир гардида, бо пирузии комили тими мизбон анҷом ёфт. Футболбозони шаҳри Мадрид ба дарвозаи рақибон панҷ голи беҷавоб зада, пирузии комил ба даст оварданд. Голҳоро Лоренте ва Корреа бо иҷрои дубл ва Депай ба нишон расониданд. Ҳамакнун Атлетико бо доштани 51 имтиёз дар мақоми 4-ум мавқеъ касб кардааст. Лас Палмас дар ҳисобаш 35 хол дорад ва мавқеи 9-умро ишғол мекунад.

Ҳамчунин дар доираи даври 25-уми рақобатҳои мусобиқаи қаҳрамонии Испания дастаи дигари пешсаф Барселона дар сафар бо Селта ру ба ру шуда, онро пушти сар гузошт. Дидори ин дастаҳо бо натиҷаи 1:2 бар нафъи тими каталонӣ ҷамбаст гардид. Голҳои дастаи Барселонаро Роберт Левандовски ва як голи тими Селтаро Аспас муалифи кард. Барселона бо ҷамбасти 25 даври Ла лига дар ҳисобаш 54 имтиёз дорад ва мақоми сеюмро ишғол кардааст. Селта бошад бо 20 хол дар мақоми 17-ум аст ва шикасти дигаре метавонад ин дастаро ба таҳхонаи ҷадвал барад.

Дар ин даври рақобатҳои Ла лига ҳамчунин дастаҳои Осасуна бар Кадис, Реал Соседад бар Малйорка пируз омаданд. Дидори дастаҳои Виляреалу Хетафе, Валенсияву Севиля, Гарнадаву Алмерия ва Бетису Алавес бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст гардид.

Мижгонаи Насриддин,
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE