Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи кору хизматрасонӣ мебошад.

Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.

Дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 25 воситаи нақлиёт мавҷуд аст.

Ороиши зоҳирии иншоот бо истифода аз тахтасангҳои хоро ва мармар сурат гирифта, намои бино бо истифода аз унсурҳои миллию санъати баланди меъмории муосир ва бо услуби хоси нақшу нигори тоҷикӣ зинат дода шудааст. Ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтааст. Барои ороиши дохили бино кандакориҳои гачӣ, панелҳо аз навъи чӯбҳои қимматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти судии кишвар ба истиқболи солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз бинои нави Суди Олӣ зикр карданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда кормандони мақомот вазифадоранд, ки ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ба таври бояду шояд ҳифз карда, волоияти қонунро таъмин намоянд.

Қомат афрохтани бинои наву замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти кишвар ба зебогии бештари шаҳри Душанбе мусоидат карда, идомаи мантиқии татбиқи амалии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва шаҳрдории пойтахт мебошад.

Зикр бояд кард, ки бинои пештараи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев дар солҳои 1970 ҳамчун толори фарҳангӣ ба истифода дода шуда, ба талаботи фаъолияти мақомоти судӣ чандон ҷавобгӯ набуд. Норасоии ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҳокимаи судӣ ва маҷлисгоҳу дигар иншоот сабаб шуд, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави Суди Олӣ рӯйи даст гирифта шавад. Ин иқдоми Пешвои миллат аз ҷониби кормандони мақомоти судии кишвар пазироиии  самимӣ пайдо кард.

Бояд гуфт, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар бобати таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ тавассути зиёд кардани воҳидҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва ғайра пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар умум, таъмини шароити зарурии моддиву техникӣ, бахусус бо биною таҷҳизоти муосир таъмин кардани судҳои шаҳру ноҳияҳо, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад.

Маҳз бо ташаббусҳои бевосита ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судӣ дар қатори дигар соҳаҳои кишвар солҳои охир рушд ва такмил меёбад.

Дар ин давра барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити корӣ як қисми бинои судҳо бо тарҳи зебои меъморию ороишоти миллӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин шуд. Биноҳои нав бо назардошти шумораи умумии кормандон, толорҳои зарурӣ барои гузаронидани ҷаласаҳои судӣ, ҳуҷраҳои кории дорои шароити зарурӣ ва ҳайати хизматрасон омода мегардад.

Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2000-2024 дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бинои судҳо аз нав сохта ва ба истифода дода шуд.

Беҳдошти вазъи иҷтимоии судяҳо, хусусан бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардану давра ба давра зиёд намудани музди кори онҳо яке аз омилҳои таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад. Тайи солҳои 2000-2024 бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ 80 корманди мақомоти судии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE