8 АПРЕЛ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ИНШООТИ НАВБУНЁД ВА СОХТАШАВАНДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ШИНОС ШУД

8 апрел дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз корҳои саҳроӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд.


Нахуст сарвазири мамлакат бо раванди сохтмони бинои меҳмонхона, ки дар кӯчаи марказии ноҳияи Данғара ҷойгир аст, шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ноҳияи Данғара ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 100 иншооти таъиноти гуногун идома дошта, дар онҳо 4000 сокини маҳаллӣ кор мекунад.
Аз ҷумла, дар маркази ноҳия бунёди 2 меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадор, ки аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад, ба анҷом расидааст. Бино аз се қисм, 9-ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 624 нафар пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкорон сохтмони бинои дигари меҳмонхонаи замонавӣ идома дорад. Тибқи лоиҳа, ин бино аз 16 ошёна иборат буда, дар он барои қабули меҳмонон ва сайёҳон шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад. Иншооти мазкур бо тарҳи замонавӣ аз ҷониби ҶДММ “Дарё 2015” сохта шуда, аз 258 ҳуҷраи хоб ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.
Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон марказ ва деҳоти ноҳияи Данғара бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ободу зебо гардида, шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар мешавад. Ҳоло дар маркази ноҳия ғайр аз бунёди меҳмонхона, ҳамзамон, сохтмони бинои муассисаҳои нави таълимию кӯдакистон, театри миллӣ ва марказҳои муосири саломатӣ низ ҷараён дорад.


Бинои муассисаи таълимӣ, ки сохтмонаш дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкорон идома дорад, барои 3000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар он 60 нафар машғули корҳои сохтмонӣ буда, бинокорон талош доранд, ки корҳоро бо сифати баланд анҷом диҳанд. Мувофиқи лоиҳа бино сеошёна буда, дар он бунёди синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, толори варзишӣ ва ошхона ба нақша гирифта шудааст.
Бояд ёдовар ҳуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара 12 мактаб, 11 муассисаи томактабӣ ва 5 маркази саломатӣ бо саҳми соҳибкорони бунёд мегардад.
Дар деҳоти Корез, Пушинг ва дигар деҳаҳои дурдасти ноҳия бо мақсади беҳтарсозии сифати таълиму тарбия ва таъмини шароити хуби тиббӣ ба аҳолӣ, сохтмони 3 маркази саломатӣ ва 5 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак вусъати тоза касб кардааст.
Дар деҳоти Корез бошад, сохтмони муассисаи томактабӣ барои 340 кӯдак ва маркази саломатию таваллудхона ва дигар инфрасохтори лозима бомаром ҷараён дорад.


Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бояд босифат анҷом ёфта, дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор бигиранд.
Сарвазири мамлакат саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва ободии гӯшаву канори ноҳия махсус зикр карданд.
Дар ин рӯз, дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 4 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати кишвар мактабҳои миёнаи деҳаҳои Кулдоман ва Навбаҳор бо ду бинои иловагии таълимӣ барои 960 хонанда дар ду баст, бунёд ва ифтитоҳ гардиданд. Биноҳои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 20 синфхона, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерианд. Минбаъд хонандагони деҳаҳои Навбаҳору Кулдоман, таҳсилро дар чунин биноҳои наву замонавӣ идома медиҳанд.


Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Тутиён бинои нави Ҷамоат ба истифода дода шуд, ки он дуошёна буда, дорои маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Бинои Ҷамоат аз ҳисоби сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо сифати баланд сохта шудааст.
Ба хотири сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод ҳоло корҳои сохтмонӣ дар 48 иншоот ҷараён дорад. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия иншооти дигарӣ ҷашнӣ – бинои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва маблағгузории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам гардидааст. Бино дорои маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар инфрасохтори ёрирасон мебошад. Дар робита ба ин, Сарвазири мамлакат таъкид намуданд, ки бунёди иншооти замонавӣ ва таъмини шароити хуби корӣ дар онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, дар ин самт аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи қабул ва коркарди пахта дар деҳаи Тоҷикистон, корхонаи истеҳсолди асфалту бетон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоб ва аз рафти кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии “Бедилҷон-2015”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд.


Корхонаи қабул ва коркарди пахта дар деҳаи Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Раҷабзода Шодӣ дар майдони 1,05 гектар ба маблағи 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда истодааст. Корхонаи мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат бунёд мегардад. Иқтидори корхона дар як сол қабул ва коркарди 8000 тонна пахтаро ташкил медиҳад. Бо иқдому ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рушд намуда, бо бунёду мавриди истифода қарор додани иншооти нав ҳаҷми истеҳсол афзоиш ва сокинон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Аз руи маълумот
Корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроб бо ташаббуси соҳибкор Ҷобиров Абдулазиз дар майдони 8,17 гектар ба маблағи 2 миллиону 519 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад. Иқтидори корхона дар як соат истеҳсоли 70 тонна асфалт ва 20 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии “Бедилҷон-2015” дар ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Панҷоб воқеъ буда, майдони умумии заминҳояш 10 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ соли ҷорӣ дар 1 гектар полезӣ, 1 гектар картошка, 2 гектар пиёзи барвақтӣ ва 6 гектар пахта кишт мекунад. Сарвазири кишвар ба оғози кишти пахта дар ин ҳоҷагӣ оғоз бахшида, ҳамзамон аз нашъу намои пиёзи барвақтӣ дидан намуд. Аҳли заҳмати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар парвариш ва гирифтани ҳосили гуногуни зироат таҷрибаи бой дошта, дар рӯзҳои мусоид талош менамоянд, ки майдони кишти баҳориро зиед ва дар фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE