Дар Тоҷикистон Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир мегардад
Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори чорвои зотӣ моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ 4 ноябр дар вилояти Хатлон, 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 355 ҳазору 734 модагов, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.