Карате -до. рушд, дурнамо ва омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ
Имрӯзҳо дастаи мунтахаби Каратэ-дои 🥋 Тоҷикистон бо роҳбарии мураббиёни ботаҷриба барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати Осиё ва Ҷоми ҷаҳон омодагӣ мебинад.
Омодагиҳо асосан дар заминаи таҳкими қобилияти ҷисмонӣ, такмили техника ва равоншиносии варзишгарон ба роҳ монда шуда, ба гуфтаи масъулини каратэи кишвар, дурнамо дар рушди инфрасохтор, омода намудани мураббиёни сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷалби наврасон ба машғулиятҳои мунтазам нигаронида шудааст. Ҳамчунин, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешсаф ва иштирок дар лагерҳои омӯзишии байналмилалӣ дар самти афзалиятнок арзёбӣ мегардад.
Бо дарназардошти дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти фаъоли федератсия, интизор меравад, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои оянда бо натиҷаҳои назаррас Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе