Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Наврӯз-2022 ҷоизадори медалҳоии биринҷии мусобиқот гардид
Дар доираи сабқатҳои мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз” дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мунтахаби футболи кишвар бо тими Қирғизистон андари майдони рақобат гардиданд. Дидори мазкур барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқот сурат гирифт. Аз оғоз футболбозон бозиро бо шиддат шурӯъ карданд. Ҳамлаҳои пайдарҳам дар 10-дақиқаи аввали рақобат бештар ба назар мерасид. Манучеҳр Сафаров муҳофизатгари мунтахаби милии кишвар ва дастаи Персиполиси Эрон дар дақиқаи 22-ум бо як қоидавайронкунӣ довари майдонро водор сохт то ба ӯ корти сурх диҳад. Ниммуҳофизатгари мунтахаби Қирғизистон Алиқулов Гулҷигит низ таҳаммули идома додани рақобатро накарда баъд аз як дақиқаи қоидавайронкунии Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 23-ум бо корти дуюми сурх майдонро тарк намуд. Бо ҳамин нимаи аввали дидор бидуни кушода шудани ҳисоб хотима ёфт. Қисми дуюми рақобатро футболбозони тоҷик бо ҳамла идома доданд. Одилҷон Абдураҳмонов ниммуҳофизатгари мунтахаби Қирғизистон дар дақиқаи 52-ум бо як қоидавайронкунӣ дар ҷаримагоҳи худ Парвиз Умарбоевро аз пой афтонд, ки довар ба ӯ корти сурх ва ҳамчунин ҷаримаи 11-метра ҷониби дарвозаи рақиб таъин кард. Парвиз Умарбоев бехато тубро вориди дарвозаи рақиб намуда ҳисоби бозиро кушод. Дар идома бозӣ ранги дигар гирифт. Футболбозони ҳарду даста талоши рахна кардани дарвозаи ҳарифро мекарданд. Аммо ин ба онҳо муяссар намегардид. Дар дақиқаи 85-ум бинобар корти дуюм зард гирифтани Ваҳдат Ҳаннонов у низ тарки майдон карду ҳарду даста бо 9-футболбоз дидорро идома доданд. Бо ҳамин рақобати мазкур бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди мунтахаби футболи кишвар ба анҷом расид, ки онҳо дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз” зинаи сеюм ва ҷоизадори медалҳоии биринҷии мусобиқот гардиданд. Хотирасон мешавем, ки шоми имрӯз дар доираи мусобиқот мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Уганда барои ба даст овардани Ҷоми мусобиқот сабқат хоҳанд кард!!!
Шодонҷон Султонов