НАҚШАИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 10 рӯз сипарӣ гардида, дар баробари оғоз гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ шаҳру навоҳии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе тибқи ҷадвали муқараргардида аллакай дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Дар робита ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз байни 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар минтақаи Рашт, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору Лахш низ даъвату гусели муҳофизони ояндаи Ватанро дар нахустин рӯзи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба анҷом расонида, айни ҳол иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 72 фоиз баробар мебошад.

Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд иҷрои нақша 54 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ низ нақшаи пешбинишударо аллакай ба анҷом расонидаанд.

Умуман, аз якуми апрели соли равон иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар даҳаи аввали ин моҳ дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 80 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин радиф, омилҳои пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъват ин ба зиёд будани ҷавонписарони ихтиёрӣ ва шаҳрвандоне, ки бо гирифтани даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд, марбут мебошад, ки ин албатта амали воқеист. Зеро давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳануз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ нисбат ба низомиёни мамлакат таваҷҷуҳу дастгирии ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Илова бар ин тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, ҳамасола шаҳрвандони синни даъватӣ барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ саривақт ҳозир мешаванд.

Дарвоқеъ, боиси хушнудӣ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳама қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони кишвар имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб ва дар ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар–Ватанро адо намоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE