Дар Китобхонаи миллӣ даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» хабар доданд.
Зимни баргузории озмун ба иштирокчиён аҳаммияти китобхонӣ ва нақши ин озмун дар ташаккули маърифати ҷавонон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки мақсади баргузории ин озмунҳо ҷалби ҷавонону наврасон ба китоб, китобхонӣ ва сохтани ҷомеаи мутамаддин мебошад.
Дар озмун 27 довталаб аз рӯи чор номинатсия иштирок намуд. Аз шумораи иштирокчиён 3 нафар ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онро таҳлил ва баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварӣ меомӯзанд.
АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»