Дар Озмоишгоҳи миллии референсии Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳии ройгон гузаронида шуданд

Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» соли 2022 барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 11 860 ташхиси озмоишгоҳӣ  тариқи ройгон анҷом дод. Чунин иттилоъ дод ба Директори Муассисаи давлатии Озмоишгоҳи миллии референсӣ Баҳодур Холназар.  

Ба гуфти мавсуф, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа давоми соли 2022 дар умум  аз тарафи  озмоишгоҳ дар 2428 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 154 376 сомонӣ ташхисҳои озмоишгоҳӣ  гузаронида шуданд.

Фаъолияти хубу босамари Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ», ки дорои дастгоҳҳои муосир ва шароити ташхисӣ мебошад, ба ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат менамояд.

Дар озмоишгоҳи мазкур шароити корӣ пурра фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.

Вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE