Дар Москва тамрини муштараки зиддитеррористии хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ гузаронида шуд

Хадамоти махсуси нуҳ кишвари узви ИДМ машқҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодиро барои омодагӣ ба тамринҳои зиддитеррористии «Каспий-Антитеррор-2021» гузарониданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти Маркази зиддитеррористии ИДМ хабар додааст.

«Барои иштирок дар тренинг ҳайатҳои мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, мақомоти ИДМ — хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Котиботи Шӯрои вазирони мудофиа, Шӯрои роҳбарони бахшҳои разведкаи молиявӣ, намояндагони факултети амнияти маҷмӯии Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи И.М.Губкин омадаанд», — шарҳ доданд дар дафтари матбуот.

Дар тренинг афсарони иктишофӣ вазифаҳои маъмулии вазъиятро барои муайян кардани нишонаҳои ҳамлаҳои террористӣ ба объектҳои инфрасохтори баҳрӣ ва саноати нафту газ ва пешгирии онҳо, механизмҳои ташкили ҳамкории байниидоравӣ ва байнидавлатӣ ва алгоритмҳои истифодаи иқтидори системаҳои иттилоотии истифодаи дастаҷамъонаи ИДМ-ро баррасӣ карданд.

Инчунин ба иштирокчиёни тренинг дар бораи мафҳуми умумӣ ва тартиби гузаронидани марҳилаҳои машқ маълумот дода шуд.

Марҳилаи аввали машқҳо дар қаламрави ҳашт давлати Иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон — аз 23 то 26 август, марҳилаи дуввум — 2 сентябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE