Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА

28 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Пиа Каума ва ҳайати вакилони ин ниҳодро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин росто, тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE