Хушхабар!!! Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуд
Дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”бо иттифоқи оро қабул кард. Боиси ифтихор аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуалифии 153 кишварҳои узви СММ пазируфта шуд. Қатънома дар МУСММ қатъномаи бесобиқа ба ҳисоб рафта, ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалиро эълон менамояд. Дар ин бора намояндагони Тоҷикистон дар СММ иттилоъ доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳануз моҳи марти 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад ва метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад, таъкид карда буд. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати пайваста муҳокимаи масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Дар ин росто, мӯҳтарам Пешвои Миллат инчунин пешкаш намуда буданд, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Боиси тазаккур аст, ки дар асоси қатъномаи қабул гардида, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боэътимоди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Қатъномаи номбурда аз аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии давраи гидрологӣ гуфта, таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид мекунад. Инчунин дар қатънома омадааст, ки таъсири гармшавии ҷаҳонӣ боиси қоҳиши густурдаи креосфера шуда, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шудааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоои об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр мусоидат карда истодааст.
Теъдоди зиёди ҳаммуалифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимоди комил дорад.
.
Another initiative of the President of the Republic of Tajikistan to declare 2025 as the International Year for the Glaciers’ Preservation was adopted by the UN General Assembly
On December 14, 2022 the UN General Assembly, in its 77th session, unanimously adopted the draft resolution entitled “International Year for Glaciers’ Preservation, 2025”, initiated by Tajikistan. This recent initiative of the President of Tajikistan, H.E. Emomali Rahmon, has been cosponsored by 153 UN Member-States. The resolution is unique in terms of containing both the declaration of an International Day and International Year.
It should be recalled that in March 2021, during the first meeting of the Water and Climate Coalitions Leaders, the President of the Republic of Tajikistan, highlighted that the rapid melting of glaciers along with the increase in water consumption, that are linked to a growing population and economic development, may have serious and negative consequences. To this end, the President of Tajikistan to raise awareness of this important issue at the international level proposed to declare 2025 as the International Year of Glacier Preservation, to determine the International Day of Glacier Preservation, as well as establish and a special International Fund for Glacier Preservation.
Based on the adopted resolution, the proposals of the President of Tajikistan were supported by the UN member states, including:
– Designation of March 21 as the International Day for Glacier’s Preservation;
– Declaration of 2025 as an International Year of Glacier’s Preservation;
– Establishing a Trust fund in support of activities for glaciers’ preservation;
– In 2025, convening the International Conference on Glacier’s preservation in Dushanbe.
The resolution notes the importance of glaciers as a component of the hydrological cycle and that the current accelerated melting and retreat of glaciers has severe impacts on the climate, environment, human health, and sustainable development. It also notes that global warming has lead to the widespread shrinking of the cryosphere which has decreased the stability of high mountain areas and changed the amount and seasonality of run-off and water resources in snow dominated and glacier-fed river basins, as well as contributed to localized declines in agricultural yields, increased water scarcity, and increased global mean sea level.
The big number of cosponsors of the resolution is once again a testimony that the international community has full trust for the initiatives and contributions of Tajikistan in tackling global challenges.
Очередная инициатива Президенти Республики Таджикистана по объявлению 2025 года Международным годом сохранения ледников была принята ГА ООН.
14 декабря 2022 года Генеральная Ассамблея ООН на своей 77-й сессии единогласно приняла предложенный Таджикистаном проект резолюции об объявлении 2025 международным годом сохранения ледников. Данная инициатива Президента Республики Таджикистана, Е.П.Эмомали Рахмона была принята при коспонсорстве 153 стран. Резолюция по своей сути является уникальной, так как в нем одновременно объявляется как день так и международный год сохранения ледников.
Следует намопнить, что ещё в марте 2021 года в ходе первой встречи Лидеров коалиции по воде и климату, уважаемый Лидер нации, Президент Республики Таджикистан отметил, что быстрое таяние ледников наряду с увеличением водопотребления, свяазанные с ростом населения и экономическим развитием, может иметь серьезные и негативные последствия. В этой связи Президент Таджикистана в целях повышения осведомленности об этом важном вопросе предложил объявить 2025 год Международным годом сохранения ледников, определить Международный день сохранения ледников, учредить специальный Международный фонд для сохранения ледников.
На основе принятой резолюции, внесенные Президентом страны нижеследующие предложения получили поддержку государств-членов ООН, в том числе:
– Объявление 21 марта Международным днем сохранения ледников;
-Объявление 2025 года Международным годом сохранения ледников;
– Создание Трастового фонда при ООН для содействия сохранению ледников;
– Проведение в 2025 году Международной конференции по сохранению ледников в Душанбе.
В этом документе отмечается важность ледников как компонента гидрологического цикла и то, что нынешнее ускоренное таяние и отступление ледников оказывает серьезное воздействие на климат, окружающую среду, здоровье человека и устойчивое развитие. В нем также отмечается, что глобальное потепление привело к повсеместному сокращению криосферы, что снизило стабильность высокогорных районов и изменило количество и сезонность стока и водных ресурсов в бассейнах рек с преимущественно снежным и ледниковым питанием, а также способствовал локальному снижению урожайности сельскохозяйственных культур, увеличению дефицита воды и повышению среднего глобального уровня моря.
Большое количество соавторов вышеупомянутой резолюции еще раз свидетельствует о полном доверии международного сообщества инициативам Республики Таджикистан и ее вкладу в решение глобальных задач.
https://drive.google.com/file/d/13eGcKH3x1Iatj-dqSzIt1uQEsbYsiErd/view