Боздиди Сарвари давлат аз хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд

Дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ китоби «Тоҷикон»-и аломма Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун рамзи эҳтиром ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик тақдим намуданд. Дар саҳифаи аввали китоб аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нигошта шуд:  “Ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошти шахсияти бузурги устод Садриддин Айнӣ ин китоб ба хона-музейи ёдгории устод С. Айнӣ эҳдо гардид. Хизмати устод С. Айнӣ барои халқи тоҷик барҷаста ва беназир аст.”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE