Шумори фавтидагони селҳои рӯзҳои охир ба 21 нафар расид

Шумори ҳалокшудагон дар селҳои ахир дар кишввар ба 21 нафар расид. 17 нафар дар селҳои шаҳри Ваҳдат ҷон бохтанд, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафари дигар дар ноҳияи Варзоб ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилии Кумита барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ дар қаламрави шаҳри Ваҳдат 3 тона ва шаҳри Ҳисор 2 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE