Саъдӣ Қодирзода аз таъсири коронавирус ба ҷалби сармоягузорӣ гуфт

Новобаста ба вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо вобаста ба пандемияи коронавирус дар соли 2020 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тавонист созишномаҳои зиёдро дар ин давра ба имзо расонад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи мазкур Саъдӣ Қодирзода, давоми соли сипаригардида, форумҳо ва мулоқоту гуфтушунидҳои маҷозӣ бо сармоягузорони ҷумҳуриҳои Фаронса, Корея, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Австралия, Хитой, Қазоқистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию сармоягузорӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Тавре ки раиси Кумитаи давлатии сармягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон изҳор дошт, соли сипаригардида дар ҷаҳон ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ 42 дарсад кам гаштааст. Аммо дар ҳамин ҳол ба гуфтаи раиси Кумитаи мазкур Саъдӣ Қодирзода раванди коҳишёбии ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҷумҳурии мо ба 5 – 10 дарсад баробар гаштааст.

Номбурда ҳамчунин гуфт, бо мақсади паст кардани таъсири манфии коронавирус ба иқтисодиёти мамлакат ва ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ҳамкорӣ намуда истодааст.

Дар ҳоли густариши коронавирус дар ҷаҳон давоми соли сипаришуда, ки бевосита ба ҷалби сармояи хориҷӣ таъсир расонидааст, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амал менамояд. Тибқи иттилои масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маблағи умумии лоиҳаҳои мазкур наздики 40 млрд. сомониро ташкилмедиҳад. Дар ҳамин ҳол ҳам кумита тавонистааст, новобаста ба вазъи эпидемлогӣ ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷӣ ба роҳ монад.

Тавре раиси Кумита иброз дошт, бо татбиқи ин лоиҳаҳо ташкили беш аз 1000 ҷои нави корӣ барои шаҳрвандон дар назар  дошта шудааст. Масъулини Кумитаи мазкур дар баробари ин ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар соли 2021 натиҷаҳои дилхоҳ дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба даст нахоҳад омад. аммо дар назар аст, ки аз нимсолаи дуюм вохӯриву мулоқотҳо бо ҳамкорони хориҷӣ мустақиман ба роҳ монда шуда, натиҷаҳо тағйир дода шаванд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE