Наврасе дар ҷодаи муҳорибаҳои бидуни қоида бо қадамҳои устувор
Иброҳим Сангов варзишгари риштаи муҳорибаҳои Айкидо ва бидуни қоида аст. Ӯ ҷасуру далер будан ва боварӣ ба худ доштанро яке аз василаҳои асосии муваффақият дар варзиш медонад. Ба ҳамин хотир, бо боварии том ва ҷасорати хос дар рӯ ба рӯйи ҳариф қарор гирифта, нахустин шуда, ҳамларо оғоз мекунад ва ҳамин аст, ки сарфи назар аз синну соли кам ва ҷуссаи начандон калону қавиаш, ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст.
Иброҳим тӯли 2-сол боз ба варзиш машғул аст. Ҳанӯз нав қадам ба 10 – солагӣ гузошта буд, ки дили кӯчаки ӯро варзиш чун боди нармаки баҳорӣ навозиш карду донаи меҳрашро мағз андар мағзи ҷонаш ҷой намудаву парварид.
Дар толори варзишии мактаб, ки нозукиҳои муҳорибаи Айкидоро устоди варзиш Абдусалом Гадоев, ба наврасон меомӯхт, таваҷҷӯҳи ин писарчаи ҳушёру ҷасурро ҷалб намуд. Вақте ки вориди толор гашт, басо манзараи аҷоиб ва хотирмонеро мушоҳида кард. Ҳамсолонашро саргарми тамрин диду як шуълаи хурдакаке дар дилаш барафрӯхт ва дартоз назди мураббӣ рафту аз ӯ хоҳиш намуд, ки ӯро низ ба сафи ин варзишгарон ворид созад.
Абдусалом Гадоев, ки бо як нигоҳ варзишгари ояндадореро дар симои ин писарак дарёфта буд, дарҳол ба ҷону дил пешниҳоди Иброҳими хурдакакро пазируфт. Иброҳим ин хушхабарро ба волидонаш расонид ва модар, ки аз мушту лагад ва зарбаҳои пайдарпай иборат будани ин муҳорибаро фаҳмида буд, писарашро хост аз ин намуди варзиш боздорад.
Падар, ки ба ҳама мушкилот ва зарбаҳо обутоб додани баданро рӯҳияи хоси мардон медонист, гуфт ин ҳеҷ гап нест, чунки қавӣ гаштани тан ҳам аз муҳорибаҳои тан ба тан бастагӣ дорад. Инак, падар ба рад карданҳои модар эътибор надода, қарор дод, ки писарашон маҳз ба ҳамин намуди варзиш машғул мешаваду тарзи ҳаёти солимро шиори зиндагии худ месозад.
Иброҳим аз рӯзе, ки ба муҳорибаи Айкидо машғул шуд, пайваста тамрин мекард, то нозукиҳои ин намудро пурра аз худ кунад. Ҳамин тавр, аз миён ду моҳ сипарӣ шуду қаҳрамони мо ба сабқати шаҳрӣ, ки соли 2018 баргузор гардида буд, роҳ ёфт. Дар ин мусобиқа, ки нахустин маротиба қувваозмоӣ мекард, аз худ маҳорати баланд нишон дода, ба 2 ҳариф пирӯз гашт ва сазовори ҷойи аввал гардид.
Натиҷаи заҳматҳои пайвастааш ва шавқу рағбаташ нисбат ба варзиш буд, ки дар аввалин мусобиқа комёбӣ ба суроғаш омаду дилашро боз ҳам ба ин намуд гармтар сохт ва роҳи пирӯзиҳоро барояш ҳамвортар кард. Ҳамин тавр, дар ин риштаи варзиш аз мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ 14 медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст овардааст.
Инак, муҳорибаи бидуни қоида дили Иброҳимро тасхир намуда, ӯро ба омӯзиши ин намуд водор сохт. Ин риштаи варзиш ҳам, барояш басо писанд афтод ва тӯли чор моҳ аст, ки дар баробари муҳорибаи Айкидо ба омӯхтани муҳорибаи бидуни қоида низ машғул аст.
Дар ин намуди варзиш низ, талошҳои пайваста ӯро комёб гардонид. Иброҳим баъди ҳамагӣ дуюмин моҳи тамрин дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар вазни 28 кг қувваозмоӣ намуда, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Айни замон Иброҳим хонандаи синфи 6 – уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Рудакӣ мебошад.
Иброҳим Сангов навраси чусту чолок ва зирак аст ва аз усули ба худ хос кор гирифта, ҳарифонашро мағлуб месозад. Ба гуфтаи ӯ, донистани усулҳои зиёд ва аз онҳо хуб истифода бурдан, варзишгарро бар рақибаш дастболо мегардонад.
Қаҳрамони мо ҳангоме ки дар мусобиқаҳо ба ифтихори ғолибияташ парчами Ватанро болои сари худ парафшон мебинад, шодию нишот вуҷуди кӯчаки ӯро фаро гирифта, эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар дилаш бештар тугён мекунад ва меҳоҳад бо матонату маҳораташ ҳамин гуна дар арсаи ҷаҳонӣ низ парчамбардорӣ кунад. Ин ҳадафро назди худ гузоштаву талош бар он дорад, ки ҳар чӣ зудтар ба ҳадафаш бирасад.
Ин варзишгари бомаҳорат дар баробари ба варзиш шуғл доштан, инчунин кӯшиш менамояд, ки сатҳи донишашро баланд бардорад ва аз ҳамсолони худ дар илмомӯзӣ қафо намонад. Ӯ аъзои фаъоли китобхонаи мактаб буда, пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст.
Бояд гуфт, ки инсон бояд на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта бошад, инчунин ақлу зеҳнаш ҳам бояд хуб ташаккул ёфта бошад. Мафкураи солим ва хиради воло танҳо дар натиҷаи донишандӯзӣ ва китобхонӣ ба даст меояд. Ин навраси матин ҳамеша бо азму иродаи қавӣ ва боварӣ доштан ба қувваю тавонмандии худ вориди майдони набард мегардад. Ҳамин боварӣ ва матонату ҷасорат ӯро муваффақ гардонидааст.
Иброҳим бар ин назар аст, ки агар инсон ба худ боварӣ надошта бошад, беҳтар аст, ки дигар ба варзиш машғул нашавад. Иброҳим бо ёдоварӣ аз як мусобиқа гуфт, боре дар як сабқат аз худ боварӣ надошт, ки соҳиби ҷо мегардад ва ҳамин аз худ дилпур набудан дари ғолибиятро ба рӯяш баст. Аз ин ҷост, ки дигар бо дили пур ва беҳарос ба чашмони ҳарифаш нигоҳ карда, дар дил мегӯяд: — Ғолиби мутлақи ин мусобиқа манам ва кӯшишҳои ту барҳадар хоҳанд буд. Ин аст, ки ғолибият ҳамеша бо ӯст.
Иброҳими ҷасуру матин чунон шефтаи варзиш гаштааст, ки ҳар рӯз ба тамрингоҳ рафта ба машқ машғул мешавад ва гузаштани вақтро мушоҳида намекунад. Ҳар рӯзро бо варзиш истиқбол гирифта, онро бо варзиш анҷом медиҳад, зеро медонад, ки машқҳои пайваста, на танҳо барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳо мусоидат мекунад, балки саломатиро таҳким мебахшад.
Итминони комил дорем, ки Иброҳим бо азму талошҳояш дар ояндаи на чандон дур шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст хоҳад овард ва номбардору пачамдорӣ воқеии ватану миллати худ хоҳад гашт.
Адолат САНГИНЗОДА,
“Садои Душанбе”