Дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад

22 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мешавад. Дар ин хусус дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз ин мева омодашуда, инчунин хушкмеваҳои ватанӣ, навъҳои зироати кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии кишоварзон пешниҳод мегардад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.

Ҷашни Тиргон бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки созмондиҳандагони ин чорабинӣ Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Ҳар як ҷашну ойин ва маросим гӯяндаи таърихи ҳамагон ва тамаддуни таърихӣ аст. Дар таърихи бостон аҳамияти баргузории ҷашни Тиргон ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баробар аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбоши ба муносибати ҷашни Тиргон 30 июни соли 2024 таъкид намуданд, «ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст. Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад. Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE